1 сомонию 32 дирам барои ғизои беморон дар як рӯз
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар барои як бемор дар як шабонарӯз 1 сомонию 45 дирам ҷудо мешавад.
Саидалӣ Ҳафизов, сардори раёсати иқтисод ва ба нақшагирии буҷаи соҳаи тандурустӣ имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз ҷумла барои ғизои бемор 1 сомонию 32 дирам ҷудо мегардад.
Ӯ афзуд, ки дар умум барои соҳаи тандурустӣ дар соли 2014 як миллиарду 99 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ба ин маблағи маоши кормандон низ ворид мешавад.