Парванда дар пайи ҷанги сокинони Хӯҷаҳо ва Қалъаи Дӯсти Ғончӣ
Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, дар робита ба муноқишаи сокинони деҳаи Хӯҷаҳо ва Қалъаи Дӯсти ноҳияи Ғончӣ бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноии кишвар, яъне авбошӣ, парванда боз намудааст.
Акбар Шарифов, сухангӯи раёсат дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, тафтишот ҳанӯз ба поён нарасида, мушаххас нест, киҳо ва ё кадом гуруҳ дар ин қазия даст доранд. “Ҳарчанд баъзе номҳо маълуманд, вале тафтишот ин ҳамаро мушаххас мекунад ва баъдан расман иттилоъ хоҳем дод”,-афзуд ӯ.
Аз ин пештар, мақомоти ҳукумати Ғончии вилояти Суғд ҷанҷол ё муноқишаи сокинони рустои Хӯҷаҳо ва “Қалъаи Дӯстӣ” дар бозори “Чоршанбе”-и ин ноҳияро тасдиқ карданд. Рустам Ҷӯраев, муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Ғончӣ, рӯзи 16 январ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса субҳи 15 январ иттифоқ уфтода, вале касе ҷароҳат набардоштааст.
Оқои Ҷӯраев гуфт, ҳамин ҳоло дар маҳалли ҳодиса аст ва даргирии сокинони ду деҳаи ноҳияашонро низ танҳо “ҷанҷоли маишӣ” номид, на чизи дигар. “Мо аслан як семинар оид ба бахши кишоварзӣ доштем ва фақат хостем бо мардум дар ин бора аз наздик сӯҳбат кунем”,-афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши Радиои Озодӣ дар пайи муноқишае, ки рӯзи 15 январ дар бозори “Чоршанбе”-и Ғончӣ миёни сокинони Хӯҷаи Боло ва “Қалъаи Дӯстӣ” сар зад, даҳҳо нафар захмӣ ё маҷрӯҳ шудаанд. “Тибқи хабари расида, захмишудаҳо ба бемористони ноҳияи Ғончӣ ва шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтаанд, аммо ҳанӯз сабаби аслии ин моҷаро рӯшан нашудааст”,-навиштааст ин торнамо.