Се шарти сафорати Қирғизистон ба мақомоти Тоҷикистон
Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз тирпаронии 11 январ миёни марзбонони ду кишвар дар Хоҷаи аълои ноҳияи Исфара нигаронӣ кардааст.
Дар ин изҳорот, ки рӯзи 15 январ пахш гардид, аз ҷумла омадааст, “танҳо тафтишоти мунсифонаи дуҷониба метавонад, роҳҳали ин қазия дар партави гуфтугӯ ва равобити судманди Душанбеву Бишкек шавад.” Инчунин, сафорати Қирғизистон дар Душанбе барои ҳалли ин қазия ба мақомоти тоҷик шартҳои зеринро пешниҳод кардааст:
1. Ҷониби Тоҷикистон расман иқдоми "ғайриқонунӣ"-и марзбонони худро эътироф кунад;
2. Ба хотири такрор нашудани ин гуна ҳодисаҳо, дастандаркорон ба ҷавобгарии сахти ҷиноӣ кашида шаванд;
3. Хисороти овардаи марзбонони Тоҷикистон ба Қирғизистон, ҷуброн карда шавад.
Дар идома омадааст, ҷониби Қирғизистон умедвор аст, мақомоти Тоҷикистон бо нишон додани иродаи сиёсии худ дар татбиқи қавонини байналмилалӣ аз додани ҳар гуна изҳорот ва айбномаҳои беасос алайҳи Бишкек худдорӣ мекунад. Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин задухӯрд се марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар бемористонанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)