Созиши генералҳои тоҷик бо қирғизҳо дар паси дарҳои баста
Имрӯз, 15-уми январ гуфтушуниди ҳайати воломақоми масъулини амниятии Тоҷикистону Қирғизистон пушти дарҳои баста дар ноҳияи Исфара баргузор гардид.
Тибқи иттилои манбаи “Озодагон” ҷониби Тоҷикистонро Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амният, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори сарраёсати марзбонӣ ва Ҳикматулло Пираков, раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд намояндагӣ кардаанд: “Аз тарафи Қирғизистон Мамиркулов Алик, роҳбари шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҷамъиятии Қирғизистон, Мамбаталиев Искандар, роҳбари ситоди асосии хадамоти давлатии сарҳадӣ ва Қувватбек Женебоев, сардори раёсати минтақавии сарҳадӣ дар вилояти Бодканд иштирок доштанд.”
Ба иттилоъи манбаъ дар ин гуфтушунид, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, ҷонибҳо ба созиш омаданд, ки нерӯҳои мусаллаҳро аз ҳар ду ҷониб дар навоҳии наздимарзӣ кам хоҳанд кард.
Ин гуфтушунид дар пайи тарпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт, ки мояи муттаҳамсозии тарафайн гардид. Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин задухӯрд се марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар бемористонанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)