Шарипов: Ислом метавонад, ОМ-ро аз задухӯрди қавмию марзӣ наҷот диҳад
Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши Муҳоҷирони Тоҷик дар Русия аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, то мардуми ин минтақаро ба ҳам оваранд.
Дар номаи Шарипов, ки ба унвонии тамоми раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ирсол шудааст, омада, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз нобудшавии мардуми ин минтақа бар асари сар задани бархурди қавмӣ, бояд онҳоро ба ҳам оварду зери як мақсади сиёсӣ қарор дод. Раиси Ҷунбиши Муҳоҷирони Тоҷик дар Русия таъкид кардааст, “ҳоло замони пиёдасозии ҳадафи миллигароёни асри 20, ки мехостанд, мақсадҳои сиёсии сокинони Осиёи Марказиро ягона созанд, фаро расидааст." Ба гуфтаи Шарипов, мардуми ин минтақа танҳо дар сурате метавонанд аз хатари даргириҳои қавмӣ эмин бимонанд, ки манфиати ягона дошта бошанд.
Каромат Шарипов бар инаст, ки танҳо дини Ислом, ки аксари сокинони Осиёи Марказӣ пайравӣ аз он доранд, метавонад, дар ҳамгироии онҳо нақши калидӣ бозад. Ӯ мегӯяд, ин ду воқеае, ки рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар манотиқи марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон, аз ҷумла тирпаронии марзбонони ду кишвар дар маҳалли Хоҷаи Аъло сурат гирифт, нишон додааст, ки нақшаи “ташкили минтақаи задухӯрдҳои қавмӣ” таҳти унвони “Балкани АвруОсиё” дар ҳоли пиёдашавист.
Ба назари Шарипов, Осиёи Марказӣ дар давоми садсолаи охир ҳамчун макони муборизаи қудратхоҳию тасаллутгароии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар АвруОсиё буду хоҳад монд: “Мутаассифона, таърихи ғамангези аҷдодони мо, шумораи зиёди хонҳои феодалии аз ҳам ҷудо ва задухурдҳои хориҷию байни ҳамдигарӣ, ки барои аҷнабиён имкон дод, то замини муқаддаси гузаштагонамонро аз худ кардаву, мардуми минтақаро таҳти раҳбарияшон қарор диҳанд, барои мо дарси ибратомез нашуд.”
"Номушаххасии хатти марзи кишварҳои панҷгонаи Осиёи Марказӣ, ки ҳангоми ташкили Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ба миён омадааст, ҳанӯз ҳам ба унвони баҳонае барои ихтилофандозӣ ва иддаои заминӣ ба ҳамдигар хидмат мекунад." афзудааст, Каромат Шарипов