Ҳисоботи Салимзода ва дастур барои ислоҳи камбудиҳо дар Бадахшон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми январ, дар идомаи ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар ҳисоботи додситони кул, Шерхон Салимзода ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдуфаттоҳи Ғоибро шунидааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки “дар ҳисоботи Шерхон Салимзода ва Абдуфаттоҳи Ғоиб, ба афзоиши нисбии ҷинояту ҷинояткорӣ, ки солҳои охир ба назар мерасад, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ба хусус аз ҷиноятҳои коррупсионӣ ва гароидани баъзе аз ҷавонону наврасони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи ифротию террористӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.”
Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи раиси вилояти Бадахшон, Шодихон Ҷамшедов ба ободонии шаҳру ноҳияҳои вилоят, навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва шабакаи обу корези шаҳри Хоруғ, бунёди биноҳои нави бисёрошёна, маҳалҳои нави аҳолинишин ва дигар масоили мубрам таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба ривоҷ додани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муҳайсозии ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорию ватандорӣ дастур додааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)