Музокироти Эрон бо Оҷонси байналмилалии энержӣ-атомӣ ба таъхир афтод
Музокироти Эрон бо Оҷонси байналмилалии энержӣ-атомӣ, ки қарор буд, 21 январи соли равон баргузор шавад, ба таъхир афтод.
Ба иттилои расонаҳои эронӣ, Ризо Наҷафӣ, намояндаи доимии Эрон дар Оҷонси байналмилалии энержӣ-атомӣ ва раиси ҳайати музокиракунанда гуфтааст, музокироти кишвараш бо ин оҷонс ба 8 феврали соли ҷорӣ гузошта шуд.
Ин мақоми эронӣ далели таъхири санаи баргузории музокироти мазкурро, ки интизор мерафт, дар Теҳрон баргузор шавад, афзоиши фаъолиятҳои Эрону оҷонсӣ пеш ва баъд аз 20 январ (оғози иҷро намудани иқдомоти дарҷшуда дар тавофуқи Женева) унвон кардааст. Намояндаи доимии Эрон дар Оҷонси байналмилалии энержӣ-атомӣ мегӯяд, таъхирандозии музокирот бо дархости ҷониби кишвараш сурат гирифтааст.
Аз ин пеш, мақомоти Эрон иброз дошта буданд, ки коршиносони Оҷонси байналмилалии энержӣ-атомӣ рӯзи 18 январи соли ҷорӣ вориди Теҳрон хоҳанд шуд. Ҳадаф аз сафари эшон иҷрои тавофуқи Женева арзёбӣ шуда буд, ки базудӣ, мавриди амал қарор мегирад. Бар асоси тавофуқи Женева, ҷониби Эрон вазифадор аст, ки ҳаҷми ғанисозии урани худро дар шаш моҳ 5% поин барад ва ин иқдом бояд, таҳти назорати бозрасони оҷонсӣ сурат гирад.