Омодагии Раҳмоналӣ барои гуфтушуниди дипломатӣ бо қирғизҳо
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон гуфтааст, омода мебошад, роҳҳалли низои пешомада дар марзи кишвар бо Қирғизистонро аз роҳи дипломатӣ пайдо кунад.
Тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон рӯзи 14 январ зимни тамоси телефонӣ бо ҳамтоёни қирғизаш дар ин бора ибрози назар кардааст. Раҳмоналиев гуфтааст, барои гуфтушунид ба хотири ҳалли қазияи рӯзи 11 январ дар марзи ду кишвар ва рухдодани ҳар гуна танишҳои марзӣ омода мебошад.
Ин ниҳод мегӯяд, қарор аст, 15 январ раҳбарони неруҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон ба хотири барқарории амну субот дар марзхи ду кишвар мулоқот ва гуфтугӯ намоянд.
Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин задухӯрд се марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар бемористонанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.