Рабимов “Истиқлол”-ро тарк кард
Клуби “Истиқлол”-и Душанбе шарномаи нимҳимоятгар Иброҳим Рабимовро тамдид накард.
Рустам Ҳакимов, сухангӯи “Истиқлол” ба “Озодагон” гуфт, раҳбарияти даста, ки барои мавсими нави футбол омодагӣ мебинад, ба қароре омад, ки ҳамкориро бо нимҳимоятгар идома надиҳад: “Муҳлати шартнома бо Рабимов анҷом ёфт ва клуб ба хулосае омад, ки ӯро ҳамчун агенти шахсӣ ҷавоб диҳад”.
Иброҳим Рабимов соли 2011 аз дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба “Истиқлол” омад.