Шаш нафар дар Гимрӣ бар асари як низоъ қурбон шуданд
Бар асари як муноқиша, дар яке аз деҳаҳои Доғистони Русия 6 нафар ба ҳалокат расид.
Ин хархаша дар деҳаи Гимрии ноҳияи Унсукўл сурат гирифтааст. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти ҷумҳурии Доғистон хабар додааст.Бино ба маълумоти ин манбаъ, соатҳои 1-и шаб дар деҳаи Гимрӣ байни издиҳом хархаша сар зада, дар натича аз силоҳи оташфишон истифода мегардад. Бино ба маълумоти пешакӣ 6 нафар кушта шудаанд.Ёдовар мешавем, ки 2 ҳафта пеш бар асоси чунин як пархош, ки дар деҳаи Ахтии ҳамин ноҳия миёни 15-20 нафар сурат гирифта буд, 1 нафари ҷони худро аз даст дода, 4 нафари дигар чароҳатҳои вазнин бардошта буданд. Аз рўи ин ҳодиса тибқи 3 моддаи Қонуни кайфарии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, кумитаи тафтишоти Русия оид ба Доғистон сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. {jathumbnail off}