Ҳисоботи Рустами Эмомалӣ ва интиқод аз андозсупории корхонаҳои бузург
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар, ки субҳи имрӯз, 15-уми январ оғоз гардид, гузоришҳои масъулини блоки иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллӣ, Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумрук, раиси Кумитаи андоз, Нусратулло Давлатов ва Абдусалом Қурбонов, вазири молияи кишварро шунид.
Тавре хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Қоҳир Расулзода гузориш додааст, ки суръати афзоиши иқтисодиёти кишвар дар соли 2013 7,4 фоизро ташкил дода, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 40,5 миллиард сомонӣ расид: "Сатҳи таваррум бошад, 3,7 фоизро ташкил дод, ҳол он ки дар соли 2012 ин нишондод ба 6,4 фоиз баробар гардида буд. Чунонки аён гардид, нишондодҳои рушд дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ мусбӣ мебошанд."
Ба иттилои манбаъ аз ҳисоботи Вазири молия Абдусалом Қурбонов маълум шуд, ки Буҷети давлатӣ дар соли 2013 барзиёд иҷро гардида, ҳаҷми он ба 11,5 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2012 кариб ду миллиард сомонӣ зиёд аст.
Нусратулло Давлатов ҳисобот додааст, ки сарфи назар аз таъмин нагардидани нақшаи андозсупорӣ аз ҷониби як қатор корхонаҳои бузург ва қисмате аз шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар ҷумҳурӣ барзиёд иҷро гардидааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки зимни ҳисоботи Сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 3 миллиарду 241 миллион сомонӣ иҷро гардидааст ва ин 496 миллион сомонӣ аз нақшаи солона зиёд аст: "Тавре зикр гардид, ҳоло Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон робитаҳои тиҷоратӣ дорад ва ҳаҷми савдои хориҷӣ дар соли 2013 беш аз 5 миллиарду 301 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст."
Манбаъ мегӯяд, дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат, раёсат ва аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди президенти Тоҷикистон ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо ва дигар шахсони расмӣ ширкат доранд.