Ба курсии сармураббии "Милан" кӣ мешинад?
Бино ба иттилои расонаҳои Италия мудаии аслии курсии сармурабии клуби "Милан" бозигари пешини ин бошгоҳ - Кларенс Зеедорф аст.
Торнамои Forza Italian Football навиштааст, интизор меравад, Зеедорф бо "Милан" зери қарордоди дусолаи ҳамкорӣ имзо гузоранд. "Ба ситоди тренерии Зеедорфи 37-сола дигар футболбозони собиқи “Милан” - Яп Стам, Патрик Клюйверт ва Эрнан Креспо шомил хоҳанд шуд”,-навиштааст манбаъ.
Курсии сармурабии “Милан” 13 январ баъди истеъфои Максимилиано Аллегри холӣ шуд. Вай баъди он аз вазифа сабукдуш шуд, ки дастааш дар рақобатҳои чемпионати Италия аз тими "Сассуоло" бо ҳисоби 3:4 мағлуб гардид. Баъди 19 даври бозиҳо "Милан" дар ҷадвали мусобиқот зинаи 11-умро муаррифӣ мекунад.