668 соҳибкор дар сӯхтори “Саховат” 2,8 млн сомонӣ зарар дидаанд
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, сӯхтори шаби 12-уми январ дар бозори “Саховат”-и Кӯлоб ба 668 соҳибкор дар ҳаҷми 2,8 миллион сомонӣ зарар расондааст.
Суҳробшои Фаррухшо, сухангӯи ҳукумати Хатлон ба “Озодагон” гуфт, дар пайи сухтор 96 мағоза ва 382 нуқтаи савдо зиён дидаанд.
Сухангӯи ҳукумати Хатлон таъйид намуд, ки муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва раиси Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев аз макони ҳодиса дидан кардаанд: “Дар вохӯрӣ бо соҳибкорони зиёндида роҳбарияти Тоҷикматлуботи кишвар ваъда дод, ки тамоми қисмати осебдидаи бозор аз ҳисоби Тоҷикматлубот дигарбора бунёд карда мешавад. Барои оғози ин кор алакай 800-ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Қарор аст корҳои бунёдкорӣ арафаи иди Наврӯз ба анҷом расонида шавад.”
Манбаъ илова намуд, ки феълан дар ҷои сӯхтор комиссияи махсуси давлатӣ кор карда истодааст.