Шаҳрванди Узбакистон барои куштори ҳамватанаш дар Русия шаш сол ҳукм гирифт
Додгоҳи ноҳиявии Тулаи Русия, як шаҳрванди Узбакистонро дар куштори ҳамватанаш гунаҳкор ва барои шаш сол равонаи зиндон кардааст.
Ихтиёр Қувватови 37-сола муҳлати ҷазоро дар калонияи низомаш пурзур пушти сар хоҳад кард.
Суд муайян кардааст, ки шаби 1-ум ба 2-юми сентябри соли 2013, Қувватов дар ҳолати сархушӣ, ҳамватани худ Тулкин Ураймҷонови 38-соларо зери мушту лагад гирифтааст. Бар асари захмҳои бардошта, Ураймҷонов ба ҳалокат мерасад.