Муфтӣ гуфт, саидзода будан маънои бартариро надорад
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, теъдоди саидзодаҳоро дар кишвар нашумурдаанд ва муайян нест, ки дар кишвар чӣ қадар саидзодаҳо иқомат доранд.
Абдулқодирзода ин нуқтаро дар посух ба суоли “Озодагон” таъкид карда, изҳор дошт, ки аслан дар шариат меъёри ченаки бартариву пастии инсон тақво ҳаст: “Худованди бузург ва тавоно мегӯяд, ки беҳтарини шумо дар назди парвардигор, накӯкортарини шумо, парҳезкортарини шумо ва худотарстарини шумо ҳастед. Фарқ надорад, ки аз кадом оила ҳастед ва аз кадом насаб ҳастед.”
Раиси Шурои уламо бо зикри ин таъкид кард, ки “бо вуҷуди ҳамаи мо агар бидонем, фалон сайидзода ҳаст ба хотири ин эҳтиромаш мекунем.”
Ин дар ҳолест, ки аз эҳтироми зиёди мардуми кишвар ба саидзодаҳо, ки аз оли паёмбаранд, афроди алоҳида сӯиистифода карда, худро саидзода ё эшон эълон мекунанд.