Оташсӯзӣ дар Душанбе бойиси марги як нафар гардид
Сӯхтори шаби гузашта дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт як кушта ба ҷой гузошт.
Дар ин бора аз сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Тибқи иттилоъи манбаъ, соати 03:22 дар манзили истиқоматии шаҳрванд Скаскина Ана Анисивлаи 84-сола, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 21 ҳуҷраи 29 сӯхтор ба амал омад. Аснои оташсӯзӣ дар масоҳати 20 метри мураббаъ молу ашёҳои хона қисман сӯхта нобуд гардиданд. Мутаасифона, духтари соҳибхона Любов Яковлеваии 54-сола аз таъсири дуди ғализ ба ҳалокат расидааст. Зимнан, аз маҳалли сӯхтор Алексей Яковлеви 34-сола ва Саъдуллоев Абдуллои 43-сола наҷот дода шуданд.
Бино ба қавли манбаъ, сӯхтори мазкур бо истифода аз 3-адад автомашинаҳои оташнишонӣ соати 04:01 хомӯш карда шуд ва бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ ашёҳои хона аз зарар эмин нигоҳ дошта шуданд.Нисбати ҳодисаи ба амал омада аз тарафи хадамоту мақомотҳои дахлдор тафтишот бурда мешавад. Сабаб ва гунаҳгор муайян карда хоҳад шуд. {jathumbnail off}