Саридораи геология: Таваҷҷуҳи сармоядорон ба Тоҷикистон беҳад зиёд аст
Мурод Ҷумаев, роҳбари навтаъини Саридораи геологияи Тоҷикистон, имрӯз 14-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, сармоягузорони хориҷӣ ба захираҳои табии Тоҷикистон таваҷҷуҳи беҳад зиёд доранд.
Ҷумаев афзуд, ки агар сармоягузорон барои тило омада бошанду онро гирифта натавонанд, қуму шағали Тоҷикистонро истифода мебаранд: “Таваҷҷуҳи онҳо инчунин ба қаъри замини Тоҷикистон хеле зиёд аст, ки гувоҳи дуруст будани сиёсати пешгирифтаи Ҷанобӣ Олӣ мебошад. Ба ҳамин хотир сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон омада сармояи худашонро дар кишвари мо сарф мекунанд”.
Ӯ аз ҷумла сармоягузорони эрониро ном бурд, ки ба захираҳои табии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ҷумъаев инчунин фаъолияти “Газпром”-ро дар конҳои нафту гази Шаҳринав дастоварди ҳукумат арзёбӣ кард.
Баробари ин раиси Саридораи геология таъкид кард, ки тибқи иттилои пешакӣ Тоҷикистон дорои 400 тонна захираҳои тило буда, дар 14-15 минтақаи кишвар, асосан дар Помир ва Зарафшон ҷойгир мебошанд.
Ҷумаев дар қатори камбудиҳое, ки дар соҳаи геология ҷой доранд, нарасидани мутахассисони баландихтисос ва таҷҳизоти муосирро ном бурд.