Амрико аз моҳи оянда маблағҳои Эронро бармегардонад
Амрико мегӯяд, раванди озодсозии маблағҳои ҳабсшудаи Теҳронро аз ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз мекунад. Дар пайи таҳримҳои ҷорӣ алайҳи Эрон ҳудуди 4, 2 миллиард доллари амрикоии ин кишвар ба ҳабс гирифта шудааст.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, Вазорати умури хориҷии Амрико эълон кардааст, ки марҳалаи аввали озод кардани маблағҳои ҳабсшудаи Эрон 3 моҳи оянда шуруъ ва ҳудуди 180 рӯз давом хоҳад кард. Ба иттилои манбаъ, дар марҳаллаи аввал, 550 миллион доллари Эрон озод карда мешавад.
Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки раванди озодшавии тамоми амволи ҳабсгардидаи Эрон, ки 4,2 миллиард доллар мебошад, бар асоси ин тақвим сурат хоҳад гирифт: “550 миллион дар таърихи 3 феврал, 450 миллион доллар 2 март, 550 миллион доллар 8 март, 550 миллион доллар 9 апрел, 450 миллион 14 апрел, 550 миллион доллар 14 май, 550 миллион доллар 17 июн, 550 миллион доллар 20 июли соли 2014 раҳо карда мешаванд.”
Эрон бо кишварҳои 5+1 (Амрико, Фаронса, Русия, Чин, Англия ва Олмон) моҳи ноябри соли гузашта баъд аз номуваффақиятҳои зиёд, дар Женева ба тавофуқ расиданд, ки Теҳрон ба фаъолиятҳои ҳастаияш коҳиш мебахшад. Дар ҳамин ҳол кишварҳои 5+1 гуфтанд, дар сурати пойбандии Теҳрон бар ин тавофуқ, бархе аз таҳримҳои ҷорӣ алайҳи он лағв гардида, ба баҳрабардории 4,2 миллиард долари ҳабсшудааш, иҷоза дода мешавад.