Абдулқодирзода: Эҳтимол руҳониёни исмоилӣ ва адёни дигар ҳам маош гиранд
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон имрӯз, 14-уми январ зимни як нишаст дар Душанбе ҳаҷми маоши таъингардидаро барои раисони марказҳои исломӣ ҳудуди 2000 сомонӣ, барои сархатибон 1500 сомонӣ ва имомхатибон 800 сомонӣ арзёбӣ кард.
Роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки моҳона ва ё худ кумакҳои молиявӣ барои имомхатибон аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ буда, бархӯрдор шудани намояндагони ҷамоати Исмоилия ва ё дигар адён аз ин кӯмак ҳанӯз дар баррасӣ ҳаст.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки агар дақиқ шавад, ки онҳо аз давлатҳои хориҷ кӯмакпулӣ намегиранд, ҳукумати Тоҷикистон ҳатман барои онҳо ҳам маблағ ҷудо хоҳад кард.
Номбурда ҳамзамон гуфт, ки дар назар аст, ки шуруъ аз ҳафтаи оянда тамоми имомхатибон бо либоси ягона таъмин карда шаванд. Ранги либоси ягонаи имомхатибон кабуди осмонӣ буда, ҳамзамон сари сина ва остинҳо бо нақшу нигори классикии тоҷикӣ таҳия шудааст. Раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон афзуд, ки ҳоло дақиқ нест, ин либосҳо ройгон тақсим карда мешаванд, ё бар ивази маблағ.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода оид ба 1 ҳафта муайян гардидани муҳлати таҷлили мавлуди Ҳазрати Муҳаммад (с) дар Тоҷикистон гуфт, ки дар асл ин меъёр аз баъзе кишварҳои исломӣ гирифта шудааст: “Ин маҳдудият нест. Ҳар вақте мо ҳадисе мегӯем, ин худ мавлуди пайғамбари мо ҳаст. Дар таҷрибаи бисёр кишварҳои байналмилалӣ мебинем, ки мавлуди пайғамбар як ҳафта муайян шудааст ва он ҳафтаи таваллуд, ҷавонӣ ва ваҳй мебошад. Ҳамин низом дар мо ҳам бошад беҳтар мешавад.”