Президентҳои Қазоқистону Узбакистон дар феҳрасти панҷ диктатори бадтарин
Раисҷумҳурони Қазоқистон ва Узбакистон ба феҳрасти панҷ диктатори бадтарини Осиё ворид шудаанд, омадааст дар матлаби Asia's 5 Worst Dictators | 2013 Edition.
Нурсултон Назарбоев дар ин рӯйхат мақоми чорумро муаррифӣ мекунад. Гуфта мешавад, дар тамоми муҳлати президентии худ, ӯ дар фасоди молӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам шудааст. Ба иттилои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ, дар кишвар фурӯши адамон дар авҷ буда, мухолифони сиёсии президентро пушти панҷара кашида дар шароитҳои бадтарин нигоҳ медоранд. “Назарбоев ягон зарра тасмими раҳо кардани қудратро надорад. Ӯ дар интихоботи президентии моҳи апрел бо 95,5 дар сади овозҳо, ки боварнакарданист, пирӯз шуд”,-омадааст дар матлаб.
Дар зинаи панҷум Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон нишастааст. Муаллифони матлаб гуфтаанд, шеваи раҳбарии Каримов ба “шеваи ҳукмронии Иосиф Сталин” шабоҳат дорад”.
“Муҳлати президентии Ислом Каримов соли 1996 анҷом ёфт, аммо мардуми Узбакистон розӣ шуд, муҳлати президентии ӯро тамдид кунад ва дар интихобот 99,6 дар сади овозҳоро гирифт. Ба ҷуз ин, Каримов дар солҳои 2000,2007 ва 2012 аз нав интихоб шуд, ки мухолифи Сарқонуни кишвараш мебошад”.
Ба ҷуз аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин матлаб аз Ким Чен Ин (Кореяи Шимолӣ), Башор Асад (Сурия) ва Маҳмуди Аҳмадинажод (собиқ раисҷумҳури Эрон) ҳам ба унвони диктаторони бад ном бурда шудааст.