Алимардонов: Ба зарардидагони “Саховат” кӯмак мекунем
Муродалӣ Алимардонов, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ки дар пайи сӯхтори бозори “Саховат”-и Кӯлоб аз ҷои ҳодиса дидан кард, дар суҳбат бо "Озодагон" изҳор дошт, ки ҳукумат зарардидагонро дастгирӣ хоҳад кард.
Алимардонов, имрӯз, 14-уми январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “тамоми дӯконҳои сӯхтаро пурра барқарор ва ба соҳибонаш бармегардонем.”
Дар мавриди моли сӯхтаи тоҷирон дар дуконҳо ноиби сарвазири Тоҷикистон афзуд, ки ҳукумат онро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва ҳадалимкон кӯмак мерасонад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сӯхтори бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, шаби 12-уми январ дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳо сар зада, 3028 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
Мақомоти маҳаллии вилояти Хатлон мегӯянд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин сӯхтор 96 мағоза ва 382 нуқтаи савдо зиён дида аст.