Ҳукумат мехоҳад, Ҳаҷро дар 5 сол 1 бор иҷозат диҳад
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаеро баррасӣ дорад, ки тибқи он зиёрати Хонаи Худо дар панҷ сол як маротиба иҷозат дода шавад.
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин ва танзими расму оини Тоҷикистон имрӯз, 13-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳукумат ҳадафи онро дорад, ки баъзе шаҳрвандон ҳаҷи такрориро на ҳар сол балки давоми 5 сол як маротиба анҷом диҳанд. Ӯ афзуд, ки айни ҳол ин масъала дар сатҳи ҳукумат мавриди барррасӣ қарор дорад.
Ҳаҷ яке аз фароизи динии пайравони Ислом буда, ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ин маросимро анҷом медиҳанд.