Интизориҳо аз ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон
Қарор аст, фардо 15 январ ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон баргузор шавад. Хабаргузории “Озодагон” аз корбаронаш пурсид, ки аз ин ҷаласа чӣ умеду интизориҳо доранд?
Ҳудуди 74%-и иштирокдорони назарпурсӣ, ки шумораашон ба 98 нафар мерасад, мегӯянд, дар ин ҷаласа танҳо ҳисоботдиҳӣ мешавад. Аммо 11,28%-и назардиҳандагон (15 нафар) гуфтаанд, ки дар ҷаласаи мазкур тағйирот сурат хоҳад гирифт. Беш аз 11 дарсади иштирокдорони дигар бетарафиро интихоб карда, иброз намудаанд, ки дар ин бора чизеро гуфта наметавонанд.
Дар ин назарпурсии “Озодагон”, ки шумораи маҷмуи иштирокдорон ба 133 нафар мерасад, танҳо 5 нафар ё 3, 76%-и назардиҳандагон ба сурат гирифтани баҳси нақшаҳо дар ҷаласаи солонаи ҳукумат изҳори боварӣ кардаанд.