Иттиҳоди Аврупо хостори муҷозоти омилони латту кӯби Шукуров шуд
Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз раҳоии Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон” аз боздошт, ки 26 декабри 2013 иттифоқ уфтода буд, истиқбол карда, аммо аз мақомоти кишвар таҳқиқи фаврии ин ҳодиса ва муҷозоти омилонашро талаб кардааст.
Дар изҳороти Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ки рӯзи 13 январи соли ҷорӣ нашр гардид, аз ҷумла омадааст, “Намояндагии ИА дар Тоҷикистон аз боздошт ва латту кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори Оҷонси иттилоотии "Озодагон" изҳори нигаронӣ намуд.”
Ин ниҳод дар идома аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, омилони латту кӯби наворбардори “Озодагон” ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. Инчунин намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, аз ҳукумати кишвар даъват кардааст, то барои рӯзноманигорон ба хотири бе тарсу ҳарос адо намудани вазифаҳои касбияшон шароити мусоидеро фароҳам орад, ки онро уҳдадориҳои байналмилалӣ талаб мекунанд.
Намояндагии ИА гуфтааст, барои ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар самти дастгирии фаъолияти озодонаи ВАО ҳамеша омодааст.
Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, зӯҳри 25 декабри соли гузашта ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир шуд. Ӯ ба иттиҳоми майдаавбошӣ ба муддати 7 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маҳкум гардида буд. Аммо баъд аз як шабонарӯз дар пайи исрори ҷомеаи журналистии тоҷик додгоҳи шаҳрии пойтахт ҳукми аввалиро лавғ карда, бо ҷарима бастани Шукуров дар ҳаҷми 320 сомонӣ ӯро аз боздоштгоҳ раҳо кард.
Ин дар ҳолест, ки наворбардори "Озодагон" таъкид мекунад, ки ӯ бегуноҳ ва ин иттиҳомот алайҳаш асос надоранд.