Писари домулло Муҳаммадӣ дар бораи ҷашни мавлуди паёмбар
Шоми 12 ба 13 январи соли ҷорӣ дар тамоми кишварҳои мусулмоннишин аз мавлуди Муҳаммад (с), паёмбари Ислом, таҷлил карданд. Дар ин рӯз аксар вақт пайравони дини Ислом бо қироат ва фиристодани дуову дуруд ба паёмбари худ машғул мешаванд.
Бештари таҷлилкунандагони ин ҷашн мегӯянд, ба хотири ибрози муҳаббат ба паёмбари худ, аз ин рӯз истиқбол ва онро гиромӣ медоранд. Аммо Абдулалии Муҳаммадӣ, писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, яке аз руҳониёни шинохтаи тоҷик, дар ин бора назари дигар дошта, бар ин ақида аст, ки беҳтарин навъи ибрози муҳаббат ба паёмбар (с) пайравӣ ва итоат аз гуфтаҳои ӯст.
Оқои Муҳаммадӣ, ки дар саҳифаи шахсии худ дар Фейсбук дар ин бора ибрози назар кардааст, мегӯяд, “дар диёри мо одат шудааст, ки ҳар сол моҳи мавлуди Расули акрам(с)ро ҷашн мегиранд ва бо баргузории маҳофил ва фиристодани дуруду салом ёди ӯро гиромӣ медоранд, яъне изҳори муҳаббат менамоянд. Агарчӣ хуб аст, вале шарти муҳаббат итоат ва пайравист.”
Абдулалии Муҳаммадӣ аз он ибрози таассуф менамояд, ки ҳоло дар ҷомеаи мусулмонони тоҷик, расму оин ҷои суннат ва гуфтаву фармудаҳои паёмбарро гирифтааст: “Имрӯз барои ҳама маълум аст, ки мусулмонон на дар амал пайравӣ аз Паёмбар (с) доранд на дар ахлоқ, расму ойинро бар Суннат тарҷеҳ додаанд. Вақте чунин аст аз ин ҷашнгириҳо чӣ суд? Бо ҳалво гуфтан ки даҳон ширин намешавад.” Ин руҳонии тоҷик бар ин аст, ки пайравони дини мубини Ислом бояд тавассути амал ва итоат муҳаббаташон ба паёмбари худ (с)-ро нишон диҳанд: “Ҳар касе мехоҳад, пайрави паёмбар (с) бошад ва Худо ӯро дуст дорад ва рӯҳи Муҳаммад (с) аз ӯ шод ва розӣ бошад, пас бояд, ба иҷрои ин амалҳо, панҷвақт намози бо ҷамоат дар масҷид, даъвати аҳли хонаводаи хеш ба фармудаҳои Худо, хондани намози таҳаҷҷуд дар шаб, рузҳои душанбе ва панчшанбе рӯза доштан бишитобад.”
Мавлуди паёмбар (с) ҳар сол 12-уми рабеъ-ул-аввал фаро мерасад, ки имсол ба таърихи 12 ба 13 январи соли 2014 рост омадааст.