Норозигии президент аз фаъолияти расонаҳои миллӣ
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон аз фаъолияти радио, шабакаҳои телевизионӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои кишвараш норозигӣ карда, ба масъулини болоии зиррабт огоҳӣ додааст.
Раисиҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи навбатии ҳукуматӣ ба масоили фаъолияти ВАО-и туркман дахл карда, гуфтааст, барномаҳои шабакаҳои телевизионии кишвараш сатҳи хеле поин омода мешаванд. Бердимуҳаммадов дар мавриди рӯзномаву маҷаллаҳои Туркманистон иброз дошта, ки онҳо аксар вақт аз навиштани муваффақият ва пешравиҳои кишвараш худдорӣ карда, бештар ба чопи матолиби нашрияҳои марказӣ майл доранд.
Дар ҳамин ҳол, ба Низом Отаев, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Туркманистон ба хотири камбудҳои фавқуззикр огоҳӣ дода шудааст.
Туркманистон аз ҷумлаи кишварҳое дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки ягон шабакаи телевизионӣ ё радиошунавоии хусусӣ фаъолият надорад. Аксари онҳо, дар баробари нашрияҳои чопӣ давлатӣ мебошанд. Ягона нашрияи мустақил, ки таҳти унвони “Rysgal” ба нашр мерасад, аз сӯи Иттиҳоди санъатгарон ва корофаринони Туркманистон соли 2010 таъсис дода шудааст.