“Лолаи сиёҳ”-и Бозор Собир ва cоядасти ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон
Маҷмӯаи нави шеърҳои Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки дар нимаи дувуми соли гузашта барои иқомати доимӣ аз Амрико ба Ватан баргашт, таҳти унвони “Лолаи сиёҳ” ба нашр расидааст.
Дар ин маҷмӯаи Бозор Собир, ки авохири соли гузашта нашр ва дастраси ҳаводоронаш гардидааст, шеърҳои кӯҳнаву нави ӯ гирдоварӣ шудаанд. Дар “Лолаи сиёҳ” аз ҷумла, шеъри Бозор Собир дар ҳаққи раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳти унвони “Соядасте ба президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” шомил карда шудааст.
Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеърии ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.
Оқои Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли гузашта, ба кишвар омад ва ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекунад. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд.
Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.