Дурии 2 630 кӯдак аз таълим ва ҳозир нашудани омӯзгорон ба мактаб
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, бисёре аз хатмкунандагони риштаи омӯзгорӣ ба макотиб дар навоҳӣ ҳозир намешаванд ва дар кишвар ҳамоно камбуди муаллимон ҷой дорад.
Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми декабр гуфт, дар Бадахшон 12 нафар, Хатлон 245, Суғд – 70, Душанбе – 16 ва ноҳияҳои тобеи марказ 134 омӯзгор намерасад: “Соли 2013 риштаҳои омӯзгориро дар кишвар 3 ҳазору 870 нафар хатм карда, ба макотиби навоҳии Тоҷикистон роҳхат гирифтанд. Аммо ба ҷои кор ҳамагӣ 2 ҳазору 441 нафар ҳозир шудаанд.”
Мирбобоев афзуд, ки соли таҳсили 2013, 2 ҳазору 630 нафар кӯдаки синни мактабӣ дар Тоҷикистон аз таълим дур мондаанд, ки 1479 нафарашонро духтарҳо ташкил медиҳанд. Муовини вазир далели асосии аз таҳсил мондани кӯдаконро дур ҷойгир шудани муассисаҳои таълимӣ гуфт.