Масъулони МТС дар бораи тирпаронӣ, Бадахшони Бузург ва эҳтимоли ноамнӣ
Худойбердӣ Холиқназаров, раиси навтаъини Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 13 январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки дар шиддат ёфтани баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон тарафи сеюм даст дорад.
Холиқназаров бо таъкиди ин масъала афзуд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аз дахолати тарафи сеюм барои шиддат додани баҳсҳои ду тараф зиёд кор бурда мешавад ва, аз ин рӯ, ҷонибҳоро ба эҳтиёткорӣ хонд. Ӯ, инчунин, аз иғвоангезии бархе расонаҳои минтақаӣ дар мавриди марзи Тоҷикистону Қирғизистон интиқод намуда, гуфт, ин кор на ба нафъи Тоҷикистон асту на ба нафъи Қирғизистон.
Раиси нави Маркази тадқиқоти стратегӣ он иддаоро, ки мақомоти тоҷик дар баробари баҳсҳои марзӣ сукутро ихтиёр мекунанду он гӯиё аломати ризост, беасос донист. Ба гуфтаи вай, сукут як навъ дипломатияи олист ва илова намуд, ки аз зиёд шудани изҳорот сари як масъала вазни он гум мешавад. Холиқназаров зарур хонд, то ҳар гуна баҳс дар навоҳии наздимарзӣ бояд муштаракан баррасӣ шавад.
Раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, дар бораи бархе аз созмонҳо, ки эҳтимоли сар задани ноамниро дар соли 2014 дар Тоҷикистон пешгӯӣ кардаанд, изҳори назар кард ва гуфт, "ин танҳо як пешгӯӣ аст, ки аксаран поя надорад".
Зимни нишаст инчунин Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС бори дигар таъйид намуд, ки нақшаи ташкили давлати Бадахшони Бузург ҷой дорад ва афзуд, аммо ин нақша ба Тоҷикистон ҳеч рабте надорад: “Вазъ дар Бадахшони Тоҷикистон муътадил аст ва интихоботи президентии ахир бори дигар инро нишон дод.” Сафаров илова намуд, дар нишасти гузашта низ вақте аз ниятҳои таъсиси давлати алоҳидаи Бадахшони Бузург суҳбат мекард, Бадахшони Тоҷикистонро дар назар надошт ва танҳо бардошташро аз як ҳамоиш баён дошт, ки ба Бадахшони Афғонистон рабт дорад.