VIDEO: Қисми зиёди бозори "Саховат" ба коми оташ рафтааст
Шаби гузашта қисми зиёд ё аслии бозори марказии шаҳри Кӯлоб, ки бо номи “Саховат” маъруф аст, ба коми оташ рафтааст. Чанде аз сокинони Кӯлоб бо хабаргузории “Озодагон” тамос гирифта, дар ин бора иттилоъ доданд.
Ба қавли мусоҳибони мо, сӯхтор тақрибан соати 23:30-и 12 январ иттифоқ уфтода, бештар раф ё гузари матоъфурӯшонро ба коми худ фурӯ бурдааст. Сӯҳробшои Фаррухшо, сухангӯи ҳукумати Кӯлоб, низ бо тасдиқи ин хабар гуфт, “барои хомӯш кардани сӯхтор оҷилан 16 автомашинаи сӯхторнишонӣ, чор мошинаи обкаш ва ду мотопомба сафарбар шуда, баъд аз се соат сӯхтор хомӯш карда шуд.”
Оқои Фаррухшо мегӯяд, бар асоси тахминҳои пешакӣ сӯхтор гӯиё аз ҳисоби расиши ноқилҳо дар яке аз нуқтаҳои фурӯш ба амал омадааст: “Тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин сӯхтор 96 мағоза ва 382 нуқтаи савдо зиён дида аст. Масоҳати бозори “Саховат” дар маҷмӯъ 3,1 га-ро ташкил мекунад, ки ба ғайр аз қисмати фурӯши либос ҳамчунин дорои бинои пӯшидаи савдои маводи ғизоӣ низ мебошад, ки ин қисмати бозор осеб надидааст.”
Мақомот мегӯянд, айни замон барои рӯшан кардани иллати аслии сӯхтор комиссияи давлатӣ таъсис ва таҳқиқи фоҷеа оғоз ёфтааст. Дар гузашта, моҳи марти соли 2009 низ, ҳудуди 20 дӯкони бозори “Саховат”-и Кӯлоб сӯхта буд. Ин навор аз Ютюб гирифта шуд: