Мауто аз Равшани Кӯлоб ба Истиқлоли Душанбе омад
Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо нимҳимоятгари ганагӣ (ғаноӣ) Девид Мауто барои як сол қарордод имзо кардааст. Мауто ду соли охир дар ҳайати дастаи “Равшан”-и Кӯлоб фаъолият дошт.
Рустам Ҳакимов, котиби матбуотии дастаи “Истиқлол” гуфт, Девид Маутои 22-сола баъд аз имзои қарордод ба назди пайвандонаш ба Гана рафта, 20 январ ба сафи бозигарони ин даста хоҳад пайваст. Ба қалви ӯ, бозигари нави “Истиқлол” таҳти рақами 14 ҳунарнамоӣ мекунад.
Девид Мауто, футболбози ганагӣ, бар асоси назарсанҷии торнамои “Варзиш-Спорт” бозигари беҳтарин дар Тоҷикистон дар соли 2013 дониста шуд.