ВУХ-и Тоҷикистон дар бораи тирпаронӣ дар марзи Исфараю Бодканд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороте тирпаронӣ дар марзи кишвар бо Қирғизистонро шарҳ дод. Мақомоти вазорат гуфтаанд, тирпаронии нисфирӯзи 11 январ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз шурӯъ шуда, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷони худ ҷавоби онҳоро додаанд.
Дар ин изҳороти Вазорати умури хориҷӣ, ки шоми шанбе интишор шуд, омадааст, ҷониби Тоҷикистон аз чунин амалкарди марзбонҳои қирғиз сахт нигарон буда, истифодаи нерӯро роҳҳали масъалаҳои муҳим намедонад. "Фикр мекунем, чунин бархӯрди ҷониби Қирғизистон, баръакс, бародариву ҳамсоядории халқу миллати тоҷикву қирғизо, ки тӯли асрҳо боз барқарор аст, халалдор мекунад",-таъкид шудааст дар изҳорот.
Дар пайи тирпаронии рӯзи 11 январ, ки миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара рух дод, се марзбони тоҷик, аз ҷумла як подполковники нерӯҳои марзбонӣ, захм бардоштаанд. Неъмат Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло ин марзбонҳо дар бемористонанд ва ӯ чанд лаҳза пештар аз ҳоли онҳо хабар гирифтааст. “Онҳо ҳоло дар шӯъбаи эҳёгарӣ ҳастанд”,-афзуд ӯ. Оқои Олимов дар идома гуфт, ҳоло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оромист ва музокриоти ду ҷониб идома дорад. Вале ӯ гуфт, ҷузъиёти музокирот барояш рӯшан нест. “Мақомоти марзбонии ҳарду ҷониб барои хатми тирпаронӣ хеле талош карданд. Дарҳол ба ҷои ҳодиса сардори шӯъбаи умури дохилӣ ва масъулони Идораи амнияти Суғд омада буданд. Муҳим ин ки ҳоло оромист, вале намедонем, давомаш чӣ хоҳад шуд”,-гуфт Неъмат Олимов.
Қаблан, манобеи “Озодагон” дар Исфара гуфта буданд, дар ҷараёни тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз сокинони ҷамоати Хоҷаи Аъло ба ҷои амнтар кӯчонда шудаанд. Масъулони ҳукумати шаҳри Исфара низ дар сӯҳбат бо Озодагон гуфтанд, дар ин бора иттилоъ гирифта, зуд ба Хоҷаи Аъло, маҳалли даргирӣ омадаанд. Аммо онҳо то кунун дар ин замина изҳори назар накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Оқсойи вилояти Бодканд дар лащзащои авали тирпаронь ба расонаҳои қирғизӣ гуфтаанд, ин даргирӣ гӯиё баъд аз ворид шудани нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳудуди манзили як сокини ин деҳа оғоз ёфтааст. Онҳо гуфтаанд, “сокини деҳаи Оқсой аз ин кор шубҳа мекунад ва дар натиҷа низоъ сар мезанад. Баъд ба ҷои ҳодиса марзбонҳои Қирғизистон меоянду якбора тирпаронӣ мешавад.” Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, панҷ марзбони Қирғизистон марҷуҳ шуда, табибон машғули ҷарроҳӣ ва муолиҷаи онҳоянд.
Қабл аз ин, дар охири соли 2013, миёни сокинони ҷамоати Ворухи Исфара ва Оқсойи Бодканд дар натиҷаи оташ задани як манзили зист ва чойхона низоъ ба вуқуъ пайваста буд. Таърихи 15-ум як нуқтаи таъмини сӯзишвории сокини деҳоти Чоркӯҳ ва рӯзи 17-уми декабр як ошхонаи сокини деҳаи Оқсой дар натиҷаи баҳси дутарафа оташ зада мешавад. Ин сӯхторҳо боиси нооромии вазъият гардида, соати 22-00 17-уми декабр сокинони деҳаи Оқсойи Бодканд роҳи мошингарди Исфара-Ворухро баста, чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро латукӯб низ кардаанд.
Сокинони Оқсой шарт гузоштанд, ки танҳо дар сурати иҷоза додани Тоҷикистон барои бунёди роҳи алтернативии Қирғизистон масири Ворух-Исфараро боз хоҳанд кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сокинони Исфара гуфта буданд, ба ҳеч ваҷҳ барои сохтмони ин роҳи алтернативӣ иҷоза нахоҳанд дод. Вале баъд аз гуфтугӯи ҳайати давлатии Қирғизистон бо сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд роҳи Ворух-Исфара боз шуд.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд.