VIDEO: Ҷасади сӯхтаи муҳоҷирони тоҷик ба Душанбе оварда шуд
Тобути панҷ узви хонаводаи Умаровҳо, ки аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буда, шаби 4 январи соли ҷорӣ дар сӯхтори Маскав ҷон бохтанд, ба Ватан оварда шуд. Инҳо -- Илҳомҷон Умарови 29-сола, Ҷамшед Умарови 27-сола ва ҳамсари ӯ Иззатбӣ Ҳакимова бо ду фарзандаш мебошанд, ки яке чор моҳ ва дигарӣ 4 сол доштааст.
Ҳамроҳи тобути панҷ узви хонаводаи Умаровҳо, инчунин, ҷасади Айёмбек Шамсови 32-сола, зодаи вилояти Бадахшон, оварда шуд. Наздикони Шамсов мегӯянд, Айёмбек 29 декабри соли гузашта издивоҷ карда, дар пайи дарди дандон 2 январ даргузаштааст. Наздикони муҳоҷирони фавтида ва маъсулони идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон субҳи барвақти 11 январ ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омада буданд.
Абдуҷон Таваккалов, раиси ноҳияи Панҷ, барои интиқоли тобути Умаровҳо аз Душанбе ба зодгоҳашон се мошини Ёрии таъҷилӣ фиристода, тамоми хароҷоти дафни онҳоро низ ба зимма гирифтааст. Наздикони Илҳомҷон Умаров, яке аз панҷ узви хонаводаи фавтида дар сӯхтори Маскав, мегӯянд, марҳум як моҳ пештар ба хотири пайдо кардани маблағ барои бунёди сарпаноҳ барои ду фарзанду ҳамсараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд.
Саидҳомид Ҷумъаев, яке аз наздикони оилаи Умаровҳо, рӯзи 6 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, Илҳомҷон ҳамроҳи бародари хурдиаш Ҷамшеди 27-сола, келинаш - Иззатбӣ Ҳакимова ва ду ҷияни хурдсолаш дар шаҳри Маскав ба ҳайси муҳоҷир ба сар мебурданд. Ба гуфтаи Ҷумъаев, Умаровҳо дар оила 8 фарзанд - се писар ва 5 духтар мебошанд, ки дар синни кӯдакӣ аз падар маҳрум шуда, зери тарбияи модар, ки фаррошӣ мекард, ба воя расидаанд.