Гулнора Каримова аз гиребони Абдулазиз Комилов "гирифт"
Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон ин бор ба ифшокунии “айбу асрори пасипардагӣ”-и хонаводаи вазири умури хориҷии кишвараш даст задааст.
Хонум Каримова дар саҳифаи шахсияш дар Твиттер навиштааст, “Дониёр Комилов, писари вазири умури хориҷии Узбакистон расман шомили Шӯрои мудирияи ширкати “Газпром” мебошад.” Ӯ гуфтааст, Комилов дар баробари доштани шаҳрвандии Русия, ҳамчунин ба таври ғайриқонунӣ ва пиҳонӣ табаи Узбакистон ҳам ба шумор меравад: “Инро аз президент пинҳон медоранд!”
Духтари раисиҷумҳури Узбакистон дар идома таваҷҷуҳи корбаронро ба ин нукта ҷалб карда, гуфта, ки чигуна метавонад, ки писари як мақоми баландпояи Узбакистон шаҳрванди Русия бошад?! Магар ин ба амнияти кишвар хатар надорад?
Ин дар ҳолест, ки Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон 8 январи соли ҷорӣ аз ҳамтоёни шветсарияш хост, дар бораи қонунӣ будани муҳофизони манзили зисти хонум Каримова дар ин кишвар ба ӯ маълумот диҳанд. Хонум Каримова низ дар таъйиди ин хабар дар саҳифааш навиштааст, ки ин иқдоми навбатии мақомоти Узбакистон талоши дигаре барои паст задани манзалати ӯ маҳсуб мешавад.