Гумруки Тоҷикистон соҳиби маркази вижаи хизматрасонӣ гардид
Маркази хизматрасонӣ барои системаи автоматигардонидашудаи гумруки Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, дар расми ифтитоҳи ин иншооти вижа кордори сафорати мазкур хонум Сара Пенҳюн ва муовини аввали роҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон Неъмат Раҳматов ширкат намуданд. Гуфтанист, нармафзори маркази хизматрасонӣ бо кӯмаки лоиҳаи минтақавӣ оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID RTLC) таҳия гаштааст. Маркази хизматрасонӣ барои системаи иттилоотии автоматикунонидаи ягона аҳамияти ёрирасон дорад, ки ба сарфаи вақту хароҷоти соҳибкорон ва кормандони гумрук мусоидат хоҳад кард.
Зимни суханронӣ хонум Пенҳюн гуфт: «Истифодаи самараноки низоми автоматигардонидаи гумрукӣ рағбату ҳавасмандиро ба тиҷорат зиёд карда, рушди иқтисоди ва ғанигардонии буҷаро аз ҳисоби андоз таъмин менамояд, инчунин ба коҳиши сатҳи фасод мусоидат мекунад».
Маврид ба тазаккур аст, ки шурӯъ аз соли 1992 мардуми Амрико тавассути сафорати ИМА дар Душанбе тахминан 984 миллион доллари амрикоиро барои барномаҳои кӯмакрасон ба Тоҷикистон дар самтҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ маблағгузорӣ кардаанд.{jathumbnail off}