Баъд аз зӯҳри 8-уми август сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон идома ёфт.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент дар ин минтақа райисчумҳур нахуст бо фаъолияти корхонаи паррандапарварӣ аз наздик шинос шуд. Зимнан масъулини коргоҳ арз доштанд, ки чўҷаҳои гўштии ин корхона дар 45 рўз 2- 2,5 кг вазн гирифта, барои забҳ омода мешаванд. Ҳоло бошад дар корхона 13800 сар мурғи гўштӣ барои забҳ омода аст ва ҳар рўз аз ин ҷо аз 800 то 1000 мурғ ё худ 2 тонна гўшти парҳезии парранда ба бозор пешниҳод мегардад.
Манбаъ афзуд, бо туфайли обу ҳавои мусоиди ноҳияи Мӯъминобод, чўҷаҳои гўштии ин корхона дар як шабонарўз то 150 гармм вазн мегиранд, ҳол он ки нишондоди миёнаи вазнгирии шабонарўзии парранда дар ҷаҳон 80 грамм аст.
Роҳбарияти корхона мегӯянд, айни замон дар ин ҷо 62 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштаанд.{jathumbnail off}