Русия барои татбиқи лоиҳаи CASA-1000 таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Ин масъала зимни дидори сарони Русияву Покистон имрӯз баррасӣ мегардад.
Ҳамчунин, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Дмитрий Медведев масоили Осиёи Марказиро муҳокима хоҳанд кард. Тавре маркази матбуотии президенти Русия хабар медиҳад, роҳбари Покистон зимни ташрифи чоррӯзааш ба Маскав, масоили амнияти минтақа, мубориза алайҳи даҳшатафканӣ, ҳамкориҳо бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиро бо ҳамтои русаш баррасӣ хоҳад кард. Ҳамчунин таваҷҷӯҳи бештар ба амалӣ намудани лоиҳаҳои бузург зоҳир карда мешавад.
-Русия барои интиқоли нерӯи барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Покистон тавассути кишвари Афғонистон манфиатдор буда, омода аст, дар амалӣ намудани лоиҳаи CASA-1000 ширкат биварзад, - гуфта мешавад дар баёнияи маркази матбуоти президенти Русия.
Ёдовар мешавем, ки ин чорумин дидор ва гуфтугӯи сарони Русияву Покистон мебошад, ки масоили доғи минтақаро баррасӣ мекунанд. Охирин дидори роҳбарони ин ду кишвар дар чаҳорчӯби ҳамойиши чоргонаи Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Русия 18 августи соли 2010 дар Сочи доир гардида буд.