Туман дар Душанбе кори фурудгоҳро халалдор кард
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба далели туман дар пойтахти Тоҷикистон парвозу нишасти тайёраҳоро ба таъхир гузоштааст.
Тавре сомонаи расмии фурудгоҳи Душанбе иттилоъ медиҳад, парвозу нишастҳое, ки пеш аз зуҳри имрӯз, 10-уми январ дар хатсайрҳои Истанбул, Делӣ, Хуҷанд, Алмато, Санкт Петербург, Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия дар назар буданд, ба таъхир гузошта шудаанд.
Масъулини фурудгоҳ далели таъхиргузориро таъмини амният мегӯянд, чун ба гуфтаи онҳо дар шароите, ки Душанберо туман фаро гирифтааст, cарнишонони тайёраҳо қарор кардаанд дар фурудгоҳҳои дигар аз ҷумла Хуҷанд фуруд оянд.