"Мурдафурӯшӣ..." ва ночории Воҳидова барои пардохти 30 000 сомонӣ
Ширкати “Тоҷирон” бо ирсоли як нома ба унвони Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик, пардохти 30 ҳазор сомониро талаб кардааст. Хонум Воҳидова дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин номаро рӯзи 9 январ дастрас намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд қарори додгоҳ дар бораи рӯёндани 30 ҳазор сомонӣ аз ӯ ва 1 сомонӣ аз рӯзномаи “ИмрӯзНюз” ба фоидаи ширкати “Тоҷирон” моҳи июли соли гузашта содир шуда буд, вале танҳо ҳоло ба унвонияш иҷроварақа омадааст. Ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, азбаски дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ дида намешавад, бахусус дар баҳсе, ки як тарафи он наздикону пайвандони шахси аввали кишвар қарор доранд, аз идомаи мубориза барои бекор кардани ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе даст хоҳад кашид: “Дигар чорае нест, қарори додгоҳро бояд иҷро кард.”
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе 19 июли соли гузашта ба баҳси додгоҳии Ширкати Тоҷирон бо рӯзномаи “ИмрӯзНюз” ва Файзиннисо Воҳидова нуқта гузошта, ин қазияро ба манфиати Тоҷирон, ки гуфта мешавад, ба наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ҳал кард. Тибқи ҳалномаи ин додгоҳ ҳуқуқшиноси тоҷик барои пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба ширкати “Тоҷирон” муваззаф шуда буд.
Эътирози масъулони “Тоҷирон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (ИмрӯзНюз) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ин ширкат ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад. “Тоҷирон” дар додгоҳ даъво кард, ки матлаб шаъну шарафашро паст задааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)