“Анор” чӣ гуна ба виллаи Гулнора дар Женева интиқол шуд?
Писари рассом Лев Резников, муаллифи асари “Анор”, ки чанде пеш дар қасри Гулнора Каримова дар Женева ошкор шуд, ба прокуратураи Швейтсария муроҷиат кардааст.
Ба иттилои “Радио Озодлик”, Игор Резников, ки шаҳрвандии Исроилро дорад, аз додситонӣ хоста, то таҳқиқ намояд, асари мазкур, ки мебоист дар хазинаи Осорхонаи давлатии Узбакистон ҳифз мешуд, чӣ гуна берун аз марзи кишвар бурда шудааст. Ба иддаои ӯ, интиқол додани чунин асар танҳо бо иҷозаи ҳукумат мумкин аст.
Игор Резникова гуфтааст, асари “Анор” аз сӯи падараш дар ду нусха таҳия шуд, ки якеаш дасти ӯст ва дигарӣ бояд дар осорхона нигаҳдорӣ мешуд. “Падари ман ифтихор дошт, ки осорхона асари “Анор”-ро харид. Ин дар соли 1991 буд. Ман ҳамчун вориси ҳуқуқи маллифии падарам мехоҳам онҳое, ки ин асарро дуздида, дар чунин шароит нигоҳ медоранд, муҷозот шаванд”, гуфтааст ӯ.
Як масъули осорхонаи давлатии Узбакистон ба Uznews.net гуфтааст, бо асари “Анор” ошно аст, аммо чун ба утоқи нигаҳдории музей дастрасӣ надорад, наметавонад будан ё набудани онро дар осорхонаро тасдиқ ё рад кунад. Ӯ гуфта, ба эҳтимоли зиёд дар қасри духтари президенти Узбакистон нусхаи ин асар пайдо шудааст.
Шоми 23 декабр мухолифони сиёсии Узбакистон дар Швейтсария таҳти сарварии нависанда Сафар Бекҷон ба манзили Гулнора Каримова дар Женева ворид шуданд. Баъдан маълум шуд, ки дар ин вилла наздики 60 асари рассомӣ, аз ҷумла “Анор”, ки шоҳасарҳои санъати Узбакистон гуфта мешаванд, маҳфузанд. Ба иттилои расида, бештари ин асарҳо навиштаҷоти осорхонаи Узбакистонро доштаанд, аммо иҷозати берун бурдани онҳо аз қаламрави кишварро не.
Гулнора Каримова, духтари калони президенти Узбакистон - Ислом Каримов дар гузашта дар Женева кор мекард. Соли 2013 хабар расид, ки ӯро аз ҳаққи дахлнопазирии дипломатӣ маҳрум кардаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)