Футболбози тоҷик аз 18 метр ба дарвозаи клуби Туркия гол зад
Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон ки дар ҳайати клуби “Қайсар”-и Қазоқистон бозӣ мекунад, дар дидор бо тими “Қарагумрук”-и Туркия як гол задааст.
Ин бозии санҷишӣ дар доираи даври тамринии “Қайсар” дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуда, клуби Қазоқистон бо ҳисоби бузурги 5:1 дастболо шуд. Фатҳуллоев тубро аз масофаи 18 метр вориди дарвозаи ҳариф кард.
“Қайсар” дар ҷараёни даври тамринӣ дар Туркия ҳамчунин се бозии дигари санҷишӣ анҷом медиҳад: 11 январ бо “Мордовия”-и Саранск 14 январ бо “Моги Мирим”-и Бразилия ва 18 январ бо “Волга”-и Нижегород. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)