Даҳ мусофирбари Asian Express дубора фаъол шудаанд
Даҳ мусофирбар ё автобуси ширкати Asian Express Terminal, ки ҳоло ба Asian Express Transport тағйири ном кардаву тақрибан як моҳи охир фаъолият надошт, дубора ба кор шурӯъ намудаанд. Далер Мерганов, сухангӯи гурӯҳи “Конт”, ки Осиё Экспресс ҳам марбут ба он аст, дар сӯҳбат бо “Озодагон” ин хабарро тасдиқ кард.
Оқои Мерганов гуфт, баъд аз ташхиси техникӣ ё фаннӣ ва ба ҳайати Asian Express Transport гузаштани автобусҳо даҳтои он ба фаъолият пардохтааст. “Айни ҳол хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Восеъ, Душанбе-Данғара, Душанбе-Шаҳритус ва Душанбе-Панҷ барқарор гардидааст. 20 автобуси дигар аз ташхиси техникӣ мегузаранд ва рӯзҳои наздик ба кори худ шурӯъ мекунанд. Пештар мо хатсайрҳои Душанбе-Ёвон, Душанбе-Ҳисор доштем, ки бо сабаби зараровар буданашон аз фаъолият бозмонданд”,-афзуд ӯ.
Мусоҳиби мо илова кард, даҳ автобуси дигари Asian Express Transport ба филиали ин ширкат ба шаҳри Хуҷанд фиристода шудааст, ки онҳо низ дар хатсайри Хуҷанд-Бодканд, Хуҷанд-Ӯш, Хуҷанд-Истаравшан, Хуҷанд-Исфара хизмат мерасонанд. Далер Мерганов мегӯяд, ҳоло маркази асосии автобусҳои Asian Express Transport дар корхонаи таксаматории №1, воқеъ дар маҳаллаи Лучоби Душанбе, қарор дошта, мусофиронро мисли пештара аз терминали Осиё Экспресс, ки дар ҷои “Автовокзал”-и кӯҳнаи пойтахт бунёд шудааст, мегирад.
“Ба ҷуз ин, боз 100 мошинаи тамғаи “Киа-Оптима”, таксиҳои нав, ки оварда шудаанд, ба наздикӣ ба кори худ шурӯъ мекунанд”,-афзуд Далер Мерганов.
Баъд аз боздошти Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ширкатҳои марбут ба ӯ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Asian Express, зоҳиран бо мушкил рӯбарӯ шуда, як моҳи охир мусофирбарҳои он кор намекарданд. Вале масъулони ин ширкат гуфтанд, ки мусофирбарҳои онҳо аз ташхиси фаннӣ ё техникӣ мегузаранд ва баъдан дубора фаъол хоҳанд шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)