Пешрафти Тоҷикистон дар футболи хурд
Тоҷикистон дар раддабандии байналмилалии дастаҳои футболи хурд ё худ футзал 7 зина пеш рафта, дар мақоми 54- ум қарор гирифтааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мунтахаби футболбозони хурди кишвар бо гирифтани 956 хол дар рейтинги кишварҳои ИДМ дар зинаи 10-ум ҷой гирифта, баъд аз Литва, Молдова, Туркманистон, Арманистон ва Эстония қарор дорад.
Манбаъ мегӯяд, дар зинаи аввал дастаи мунтахаби Испания бо гирифтани 1975 хол қарор дорад.
Дар ҷои дуюму сеюм ва даҳгонаи баъдӣ бошад, дастаҳои футзали Бразилия (1946), Италия (1757), Русия (1725), Португалия (1616), Эрон (1589), Аргентина (1586), Украина (1468), Парагвай (1407), Ҷопон (1396), Руминия (1377), Колумбия (1372), Тайиланд (1349), Озарбойҷон (1349), Словения (1339), Хорватия (1336), Чехия (1328), Сербия (1300), Гватемала (1255) ва Узбакистон (1248 ) ҷой гирифтаанд.