Устоҳои шаҳрдорӣ барои таъмири хонаи Ҳошим Гадо рафтанд
Баъд аз зӯҳри панҷшанбеи 9 январ таъмири манзили Ҳошим Гадо, ҳунарманди саршиноси тоҷик, аз тарафи шаҳрдории Душанбе оғоз ёфт. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои таъмири куллии хонаи ҳунарманд 6 усто машғул хоҳад буд.
“Системаи гармидиҳӣ дар ҳамин биное, ки устод зиндагӣ мекунанд, фаъол аст. Он танҳо ба таъмиру барқарорсозӣ ниёз дорад. Гуфтан мушкил аст, кор дар ин ҷо чӣ қадар давом меёбад. Ҳамааш аз устоҳо вобаста аст, чун мо мехоҳем хонаро комилан таъмир кунем”,-афзуд Саидов.
Қабл аз оғози соли нави 2014 Ҳошим Гадо, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, бо иншои мактубе аз ҳукумати шаҳри Душанбе дархост намуда буд, барои таъмири манзили зисташ мусоидат намояд. Дар номаи худ Ҳошим Гадо аз вазъи бади системаи гармидиҳӣ шикоят карда, як рӯз пештар, 8 январ, дар сӯҳбат бо мо низ гуфта буд, ки дар рӯзҳои сард болои ҳафт кӯрпа мехобад.
Ҳошим Гадо яке аз ҳунармандони шинохта ва барандаи ҷоизаи Рудакӣ буда, дар беш аз 50 филм нақш офаридааст ва муаллифи 11 китоб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад.
Аммо ин танҳо Ҳошим Гадо нест, ки аз сардии манзилаш аз шаҳрдории Душанбе кумак хостаасту мехоҳад. Дар гузашта Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди саршиноси тоҷик, ки дар қабати якуми бинои баландошёнае дар ноҳияи Сино мезист, аз шаҳрдорӣ хоста буд, бар ивази хонааш дар дигар гӯшаи шаҳр манзил бидиҳанд. Вале ба ин мушкили оқои Шакурӣ расидагӣ нашуд ва ӯ то дами маргаш зимистон дар хонаи духтараш ва баҳору тобистон дар манзили худ мезист. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)