Гейтс дар бораи баландпарвозиҳои Буш ва нобоварии Обама
Роберт Гейтс, собиқ вазири дифои Амрико дар китоби худ бо ишора ба мудохилаи раисҷумҳур Барак Обама ба корҳои Пентагон менависад, ки Обама ба стратегияи худ дар Афғонистон дучори нотавонӣ аст ва эътиқоде ба он надорад.
Хабаргузории “Форс”, ба нақл аз радиои Аврупо, менависад, китоби Роберт Гейтс бо унвони “Хотироти як вазири ҷанг” қарор аст, ҳафтаи оянда мунташир шавад, аммо хулосае аз он ва сарфаслҳои он дар расонаҳо мунташир шудааст.
Собиқ вазири дифои Амрико бо ишора ба мушкилоти Обама дар Афғонистон, менависад, Барак Обама аз ҷангҳои Ироқ ва Афғонистон, ки мероси Ҷорҷ Буш барои ӯ буд, нороҳат аст.
Роберт Гейтс ҳудуди 4,5 сол ба унвони вазири дифоъ дар давраи Буш ва Обама хидмат кард. Ӯ дар китобаш сиёсатҳо ва ҳадафҳои Ҷорҷ Буш дар Ироқ ва Афғонистонро соддалавҳона ва баландпарвозона мехонад.
Дар соли 2009 Обама стротегияи ҷадидеро дар Афғонистон пазируфт ва 30 ҳазор нерӯи низомии дигар ба Афғонистон фиристод ва дар соли 2010 низ генерал Девид Петроусро ба унвони фармондеҳи нерӯҳои эътилоф таъин кард.
Вай бо ишора ба ҷаласаи моҳи марти соли 2011 дар Кохи Сафед, менависад, ҳамон тавре, ки дар ҷаласа нишаста будам, ба ин фикр мекардам, ки раиси ҷумҳур ба фармондеҳаш эътимод надорад, наметавонад дар канори Ҳомид Карзай, раҳбари Афғонистон бимонад ва ба стратегияи худ эътиқоде надорад.
Вай дар китобаш мегӯяд, ки Барак Обама пайваста дар корҳои Пентагон мудохила мекунад, гарчанде мушовирони ғайринизомиаш дар корҳои низомӣ ихтисос надоранд.
Бо ин вуҷуд Роберт Гейтс кушта шудани Усома бин Лоданро яке аз пирӯзиҳои Барак Обама медонад ва мегӯяд, ки ин яке аз шуҷоъонатарин тасмимоте буд, ки ман дар Кохи Сафед шоҳиди он будам.