Йенча барои мулоқот бо Раҳмону Аслов ба Душанбе омад
Мирослав Йенча, фиристодаи махсуси котиби генералии Созмони миллали муттаҳид ва ҳамзамон роҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ имрӯз, 9 январ вориди Душанбе шуд.
Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар назар аст, ки Мирослав Йенча бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ мулоқот мекунад.
Манбаъ мегӯяд, ин намояндаи махсуси СММ давоми ду рӯз дар Тоҷикистон мемонад ва масоили гуногуни ҳамкориро дар Душанбе баррасӣ хоҳад кард.