Чин мегӯяд, содироти мошин ба Тоҷикистон кам шудааст
Мақомоти гумруки ноҳияи Шинҷон мегӯянд, тайи моҳҳои январ-ноябри соли 2013 содироти мошин аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҳамагӣ 2 ҳазор ададро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли пешӣ камтар мебошад.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷмуъ аз Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2013-ум 19 ҳазору 253 мошин ба маблағи 750 миллион доллари амрикоӣ содир шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2012-ум 13,8 дарсад коҳиш ёфтааст.
Мақомоти Чин дар шарҳи ин коҳишёбӣ гуфтаанд, сабабаш маҳдудиятҳои техникӣ дар тиҷорати байналмилалӣ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон мошинҳои чинии маъруф ба "Тангем" мошинҳои боркаши гаронвазни чинӣ ва техникаи сохтмонии ин кишвар маъруф мебошад. Аммо чанд соли пеш, мошини чинии маъруф ба номи “Тангем” дар Тоҷикистон ба далели номутобиқати техникӣ барои мусофиркашонӣ мамнуъ эълон шуданд.