Раҳмон 10 январ маркази гармидиҳии Душанберо фаъол мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 10 январ Маркази барқу гармидиҳии 2-юми Душанберо фаъол мекунад. Дар ин бора ба хабаргузории "Озодагон" Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, хабар дод.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, аллакай блоки якуми Марказ, бо иқтидори 50 мегаватт пурра омодаи кор аст ва баъди ба истифодадиҳӣ бо мурури замон ба шабакаи ягонаи нерӯи барқи Тоҷикистон пайваст мегардад. Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои фаъолияти пурраи маркази гармидиҳӣ моҳе беш аз 22,3 ҳазор тонна ангишт зарур меҳисобад. Дар назар аст, навбати дуюми ин марказ давоми соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Маркази барқу гармидиҳии 2-юми Душанбе тибқи созишномаи байни Вазорати пешини энергетика ва саноати Тоҷикистон, ширкати «ТВЕА»-и Чин ва ҷамъияти «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» бо усули «захиравӣ» бунёд мегардад. Маркази мазкур бо иқтидори 100 МВт дар ду навбат бунёд гардида, фаъолияти он аз тариқи истифодаи ангиштсанг дар назар аст. Дар доираи лоиҳаи мазкур сохтмони беш аз 3 ҳазор метр хатти интиқоли гармӣ ва хатти интиқоли барқи 220 кВ ба нақша гирифта шудааст.