Бег Зуҳуров барои зарардидагони Ваҳдат хона месозад (ВИДЕО)
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, зери роҳбарии Бег Зуҳуров, бунёди 10 хонаро барои сокинони аз заминларза зарардида дар ноҳияи Ваҳдат ба уҳда гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ бунёди хонаҳои нав дар дораи дастуроти ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, айни ҳол сохтмончиён мушғули бунёди онҳо мебошанд.
Заминларзаи харобиовар дар шаҳри Ваҳдат субҳи 10 ноябри соли 2013 рух дод, ки ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар пайи он 104 хоҷагӣ пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дидаанд.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз зарардидагони заминҷунбии 10 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат мегӯянд, бо фарорасии сардиҳо зиндагӣ дар хаймаҳои тақдимкардаи ҳукумат тоқатфарсо гардидааст. Ба қавли онҳо, ба истиснои хаймаҳо дар рӯзҳои аввал дигар аз мақомот ба ҷуз ваъдаҳо кумакеро надидаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)