Юсуф Қарзовӣ зид, муфтии Миср ҷонибдори раъйпурсӣ
Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон иштирок дар раъйпурсии Сарқонуни нави Мисрро ҳаром хондааст.
Раиси иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон гуфтааст, иҷрои ҳар амале, ки ба ҳукумати баъд аз кудтои низомӣ омада дар Миср тақвият мебахшад, аз нигоҳи шариати Ислом ҳаром дониста мешавад. Ба қавли Юсуф Қарзовӣ, ин лоиҳаи Сарқонуни нави Миср бидуни мувофақа ва машварату гуфтугӯ бо ҷомеаи ин кишвар таҳия ва аз сӯи афроде пешниҳод шудааст, ки муассисони кутоди низомӣ мебошанд.
Аз сӯи дигар, Шавқӣ Аллом, муфтии Миср ин иддаои Юсуф Қарзовиро рад карда, аз сокинони кишвараш даъват кардааст, дар ин маъракаи раъйдиҳӣ иштирок намоянд. Муфтии Миср таъкид кардааст, ки иштирок дар ин маърака барои ҳар як шаҳрванд аз нигоҳи дини мубини Ислом воҷиб аст.
Ин фатвои раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон ва муфтиёти Миср дар ҳолест, ки раъйдиҳӣ барои Сарқонуни нави ин кишвар дар хориҷ шуруъ шудааст.